Забони язгуломӣ (Yuzdomi zveg)

Аватар пользователя Ҳайати тадорукот
Опубликовано 31 октября, 2017 - 10:48 пользователем Ҳайати тадорукот

Дар води Язгуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисман дар води Вахши вилояти Хатлони Тоҷикистон мустаъмал аст ва теъдоди гӯишваронаш ҳудудан ду ҳазор нафар аст. Ин забон ду гӯиш (лаҳҷаҳои саргаҳ ва поёни водии Язгулом) дорад [Эделман 1966].

Забони язгуломӣ (yůzdomi zəvəg) дар ду соҳили рӯди Язгулом ва водии ҳамноми он дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон ба кор меравад. Чунонки Д.И.Эделман иттилоъ додааст, гуфтори сокинони саргаҳи водии Язгулом бо баъзе хусусиёти диалектологии худ аз гуфтори мардуми қисмати поёноби ин водӣ тафовут дорад (1). Ин забон низ бехат буда, осори адабии он ба сурати эҷодиёти фолклорӣ ривоҷ доштааст. Дар даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон кӯшишҳои соҳибхат намудани ин забон ба амал омада, баъзе намунаҳои назми муаллифии шоирони язгуломӣ ба хатти кириллӣ интишор ёфтанд, ки дар байни онҳо ашъори А. Алиев, ки худ муҳаққиқи ин забон аст, қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Адабиёт
1. 2 Эдельман Д.И. Язгулямский язык. – М., 1966, с. 3-11.

Бардошт аз «Муқаддимаи филологияи Эрон»-и А.Мирбобоев

Рейтинг контента: 
5
Средняя оценка: 5 (1 голос)

Категория: