ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши сокинони мамлакат гардонида мешавад, иттилоъ дод Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Зикр шуд, ки тӯли шаш моҳ аст гурӯҳи корӣ Фарҳанги имлои забони тоҷикиро омода намуда истодааст ва барномаи мазкур дар заминаи он таҳия шудааст.
«Дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад, баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад»,-гуфт ӯ.
Ба зикри Раиси Кумита, барнома дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ инчунин зикр шуд, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 1 январи соли 2023 мавқуф гузошта шуд.
«Аз ин рӯ Кумита то ҷорӣ гардидани фармони мазкур дар ҳамкорӣ бо МД «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» забони матну ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавии 98 ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудааст»,- иброз дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Дар шаш моҳи соли 2022 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ягон ташкилоту муассиса ҷарима нагардида, танҳо ислоҳ ва мутобиқ карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
https://khovar.tj/2022/08/olim-on-mu-ammad-onzoda-dar-r-zi-zaboni-davlatii-to-ikiston-barnomai-islo-nigor-peshni-od-megardad/
АКС: АМИТ «Ховар»