ДОИР БА БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 22 Ноябр, 2023 - 08:00

Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода - Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент,
Аъзои Ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид ва роҳнамоӣ намудаанд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Ҳифзи истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти миллӣ таъмин мебошад.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти миллӣ хавфи ҷиддӣ ба миён меорад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, чораҳои дахлдор андешанд. Ин ҷараёни хатарҳо метавонад ба несту нобуд кардани миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе ҳастем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазхабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуҷтаҳои доҳи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.
Қайд менамоем, ки истилоҳи «террор» ва «терроризм» бори аввал дар инқилоби Фаронса солҳои 1793-1797 мавриди истифода қарор гирифта, вале бояд зикр намуд, ки калимаи мазкур дар шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» мебошад. Калимаи таррор дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои роҳзану одамкӯш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, шарҳ дода шудааст. Инчунин, аврупоиҳо калимаи «таррор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии «таррор» эҳтимолан гирифта бошанд. Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм»-ро дорад, ки бисёриҳо онро қабул доранд. Аммо калимаи арабии «таррор» ва калимаи лотинии «terror» якхела мебошад.
Маънои аслии экстремизм бошад – аз калимаи франсавии «extremism» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655, экстремизм яъне ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ равона карда мешавад. Инчунин, фаъолияти экстремистӣ яъне фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд.
Ҳамзамон, бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни мазкур, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз 1 июни соли 2021, №187 қабул гардида, масъалаи мазкур таҳти назорати қатъии вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.
Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд.
Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар ҷаҳон одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ҷиддӣ ба иқтисодиёти давлатҳо мерасад. Аз ин рӯ, ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти дахлдор мунтазам корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмонидани талаботи қонунгузории ҶТ ба роҳ монда шудааст.
Таъмини амнияти миллӣ дар кишвар ин натиҷаи фаъолияти пурсамари Пешвои миллат буда, шаҳрвандон зиракии сиёсиро аз даст надода, сиёсати давлатиро оид ба пешгирии терроризму экстремизм дастгирӣ менамоянд. Зеро шаҳрвандон фаҳмидаанд, ки бар зиддӣ ин падидаи номатлуб танҳо дар ҳамкории дастаҷамъона метавон мубориза бурд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: