Гузориш аз семинарҳои машваратии гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориш аз семинарҳои машваратии гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб

     Бо мақсади амалӣ намудани иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28-уми ноябри соли 2020, №647 ва тибқи Нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2022 аз 7-уми январи соли 2022, №7, инчунин, банди 9-и Низомномаи Кумита тибқи фармоиши раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2022, №33 вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» (аз 28.11.2020, №647) аз 25-уми феврал то 4-уми марти соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода О. (роҳбари гурӯҳ), сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Зулфониён Р.Р., мудири бахши умумӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Абдуллоев Ш.Р. (аъзои гурӯҳ) дар шуъбаю бахшҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леавкант ва Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор дода шуд.
     Боиси тазаккур аст, ки гурӯҳи кории Кумита дар анҷоми давраи назоратӣ ва таҳлили коргузорӣ рӯзи 1-уми марти соли равон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» бо иштироки роҳбарият, масъулон ва роҳбарони сохторҳои он семинари машваратӣ оид ба риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва амалисозии « Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» доир кард.
     Ҳамзамон, гурӯҳи корӣ санаи 3-юми март чунин семинар дар маҷлисгоҳи МТМУ №45-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки роҳбарият, директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, инчунин устодони МТМУ №45 баргузор намуд.
     Дар семинар аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати масъалаҳои мубрами сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатӣ ва риояи қатъии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар дар бораи забони давлатӣ суханрониҳо шунида шуда, иштирокдорони чорабиниҳо ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
     Аъзои гурӯҳи корӣ иштирокдорони семинарҳои машваратиро ба арҷгузорӣ ба забон ва эҳтиром ба ин муқаддасоти олиамон, даъват карда, кулли ҳозиринро бо фарорасии баҳори нозанин ва Рӯзи модар табрику шодбош гуфта, саҳмгузорӣ ва ҳамкориҳои пайваста бо Кумитаро дар таҳкими пешбурди сиёсати давлатии забон дар кишварамон муҳим арзёбӣ намуданд.

     Масъули саҳифа Р. Зулфониён

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 43012646
  • Нишонии IP-и шумо: 3.238.72.122
 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.