Вазифаи холӣ - Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Ноябр, 2019 - 11:40

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилию ҳуқуқӣ – 1 ҷой
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба назар гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25 (ошёнаи сеюми бинои маъмурии Муассисаи давлатии Киностудияи "Тоҷикфилм") индекс:734025, телефон/факс: 2275938, 2277829, 2276442 ; почтаи электронӣ: kumitaizabon@mail.ru, Сомона: www.kumitaizabon.tj

Баҳодиҳии муҳтаво: 
3
Баҳои миёна: 3 (2 овоз)

Категория: