Забони давлатӣ таҳкимбахшандаи сулҳ ва ваҳдати миллист

Шаҳноза БУРИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибис­тиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳои фарохро муҳайё сохт, ки неруи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст. Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд. Аммо ин неъмати бузург ба халқи тоҷик бо роҳи саҳлу осон ба даст наомад. Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониатҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

     Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад. Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил шудем.

     Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад. Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

     Вобаста ба ин рӯзи фирӯзу таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон 27-уми июни соли 2005 ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карданд: «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд. Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем. Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро сари вақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд».

     Бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ тавонистем, дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори забони давлатиро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем. Маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста ба дастовардҳои бузург ноил шуд. Зеро забони тоҷикӣ яке аз олитарин муқаддасоти миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон мебошад.

     Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда, ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз меёбад. Қобили зикр аст, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини баҳамоии миллат бошад, пас забони тоҷикӣ шиносномаест, ки давлату миллатро ба воситаи он муаррифӣ менамоянд. Ин дастовардҳои бузург ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, давлату миллатро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест. То ҳол давлатҳое вуҷуд доранд, ки на мустақиланду на соҳиби забонанду на соҳиби ваҳдати миллӣ. Агар давлате, ки ин неъматҳоро надошта бошад, он вуҷуд надорад. Гуфтан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи давлатдорӣ буда, онро азизу гиромӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштан вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибдил ва бонангу номус мебошад.

     Бо ин мақсад 31-уми октябри соли 2009 таҳти №604 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолияти он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бевосита барои пеш бурдани сиёсати давлатӣ оид ба забон дар мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаю корхонаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, равона карда шудааст. Он яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар шароити сулҳу субот, дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло ба яке аз сохторҳои неруманди давлатӣ табдил ёфтааст.

     Дар ин раванд вазифадор низ ҳаст, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ намояд ва зимни фаъолият бо дигар мақомот, вазорату идора, ташкилоту муассиса ва ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамкориро ба роҳ монад.

     Муваффақиятҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан, бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, баргузор намудани конференсияҳои илмиву амалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар фаъолияти соҳа вобаста мебошад. Қайд бояд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июни соли 2012 таҳти №335 фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот тавассути «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» амал мекард. Дар он дар иртибот ба рушди солими равандҳои ҳамгироӣ миёни миллатҳо ва кишварҳои дуру наздик ҳимояи забони тоҷикӣ ҳамчун омили пайвандгари миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ дар рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ равона карда шуда буд.

     Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ ва мавриди иҷро қарор гирифтани барномаҳои давлатӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои омода, таҳия ва такмил додани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» масъул гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 барои даҳсолаи оянда тасдиқ гардид.

     Инчунин, Кумитаи забон ва истилоҳот бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таблиғу ташвиқи забони давлатӣ ҷиҳати эҳё намудани номҳои миллии тоҷикӣ, ки яке аз масоили мубрами ҷомеа мебошад, китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми июли соли 2016 таҳти №325 тасдиқ шудааст, бо фаро гирифтани зиёда аз 3000 номи писаро на ва духтарона чоп намуд. Ҳадаф аз таҳияи китоб эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин, номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ин замина, китобҳои «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (ҷилди 1 ва 2) бо овардани шарҳи номҳо чоп ва дастраси умум гардид.

     Ҳамчунин, соли 2019 ба муносибати 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалӣ ва чорабиниҳои илмиву оммавӣ бо ҷалби олимону донишмандон, забоншиносон ва омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои дохилу хориҷ баргузор гардида, оид ба дастовардҳои даҳсола маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ расиданд.

     Ғайр аз ин, бояд зикр намуд, ки   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ  ва барои ташаккули пайвастаи забони давлатӣ шароит фароҳам овардааст.

     Ба ҳама маълум аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеаро бе забони тоҷикӣ наметавон тасаввур кард. Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда, мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд.

     Хушбахтона, Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои густаришу инкишофи мақоми забони тоҷикӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд. Воқеан, забон аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ, ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад.

     Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам баҳри назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати рушди забони давлатӣ ва ба ҳамин васила устувор намудани пояҳои он чораҳои муассир андешида, фаъолиятро дар ин самт боз ҳам вусъат мебахшад.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки ҳар як шахси ватандору соҳибзабон миллату забонро пуштибонӣ намояд ва ба он ҳамчун гавҳараки чашм муносибат кунад: «Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст. Фаромӯш накунем, ки забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст.», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

     Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа буда, бояд фаромӯш накунем, ки сулҳ, ваҳдату ягонагӣ неъмати бебаҳотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар. Агар ҳама дар рушду таҳкими ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддаси миллӣ сидқан саҳм гузошта, муттаҳид шавем, он гоҳ чун миллати ягона бо асолату фарҳанг, таърих, забони тоҷикӣ ва симои хос мавқеи сазоворро пайдо хоҳем кард.

Шаҳноза БУРИЕВА,
сармутахассиси шуъбаи ташкилию ҳуқуқии
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: http://sadoimardum.tj/far-ang/zaboni-davlat-ta-kimbahshandai-sul-va-va-dati-millist/

Баҳодиҳии муҳтаво: 

5
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Категория: 

 

Меҳмонон

  • Шумораи меҳмонон: 32911722
  • Нишонии IP-и шумо: 44.197.197.23
 

Корбарони онлайн

1 корбари онлайн

 

Обунашавӣ

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Корбарони нав

  • raisikumita
  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
 

ЗАБОНҲО

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.