Ҳотами Ҳомид - «Омили калиди ҳастии миллат»

Ҳотами Ҳомид
Ба озмуни «Забон – пояи миллат»



Омили калиди ҳастии миллат

 Беҳтарин ҳадяе, ки офарандааш ба инсон додааст, забон аст. Маҳз забону сухан, каломи нерубахши инсон муносибатҳои қавии ҷомеаро ба танзим дароварда, мавқеи ӯро муайян менамояд. Бинобар он, донистани забони ноби модарӣ, дар такя ба он омӯхтану донистани забонҳои ғайр вусъати ҷаҳонбинии шахсро пурмуҳтаво мегардонад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро низ забони давлатӣ муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон ба амал меоянд. Дар арсаи байгналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкориҳои судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Пас, маълум мегардад, ки забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлати Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд». Ҳар як сокини ҷумҳуриамонро лозим аст, ки дар гуфтору навиштор ва муомилаву муносибаташон истифодаи ин ганҷи бебаҳоро ба таври даркорӣ, мувофиқ ба меъёрҳои мавҷудаи он мавриди истифода қарор диҳанд.
Забондонӣ аз кас дониши амиқ ва маҳорати хосаро талаб менамояд. Танҳо тавассути омӯзиши осори гузаштаву имрӯза ва истифода аз луғот ва дигар воситаҳои мавҷуда инсон метавонад таркиби луғавии хешро мукаммал гардонад. Ин ба он хотир аст, ки табиати забонҳо дар ҳоли якрангӣ набуда, баръакс, дар ҳоли рушдёбианд ва бо мурури вақт калимоту вожаҳо, таъбирҳои нав пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, сермаъноии калимаҳо аз соҳиби забон тақозо дорад, ки мавриди истифодаи мафҳуму ибора ва афкору андешаи баёншударо дар қолаби худаш дарк намоянд. Албатта, ҳеҷ як забони дунё танҳо бо истифода аз вожаҳои худӣ наметавонад арзи вуҷуд намояд. Имрӯз дар таркиби забони мо вожаҳои арабӣ, туркӣ ва ғайра чунон истифода мешаванд, ки аллакай ҳамчун моли худӣ истифода мебаранд, ба табиати забони тоҷикӣ созгор шудаанд. Дар баробари ин, мутаассифона, аксаран ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки аз сӯйи соҳибзабонон бо ин ё он мафҳум калимаву ибора дар шакли маъмулиашон истифода нашуда, даркору нодаркор аз забонҳои ғайр мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳол он ки забони тоҷикӣ муодилҳо ва муродифҳои зиёде дорад, ки ба кор бурдани онҳо ҳам ҳусни сухан ва ҳам тобиши маъноии матнро афзун мегардонанд.
Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо бо забон сари кор гирифтан аз кас диққати ҷиддиро талаб менамояд. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш ва муошират бо намояндагони дигар халқу миллатҳо аксаран аз забони русӣ, дар баъзе мавридҳо (аз рӯйи имконият) аз забони англисӣ истифода мебарем. Чунин зарурият ҳам аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳсос шуд, ки сабаби эҷоди «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистн барои солҳои 2015 – 2020» гардид. Сарвари давлат чандин маротиба дар суханронии хеш оид ба тозагии забони тоҷикӣ ва аз худ кардани забонҳои дигар, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ ибрози назар намуданд. Ба қавли мавсуф, дар шароити имрӯза, хоса барои ҷавонон донистани на кам аз ду забони хориҷӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ин амал имкон медиҳад, ки аз навгониҳои олам ҳар чӣ барвақттар шинос гардида, вобаста ба имкониятҳо дар вокуниши ин ё он ақидаи хайру савоб ё баръакс, ҳолатҳои таҳдидкунанда акси садо баланд намоем.
Дар шароити феълӣ ҳамасола кулли Аврупои мутамаддин рӯзи забонҳои аврупоиро таҷлил менамоянд. Рӯзи забонҳои аврупоӣ рамзи садсола аст, зеро ЮНЕСКО онро асри бисёрзабонҳо, яъне полиглотҳо эълон намудааст. Ба ин муносибат дар соли 2001 иди нав – Рӯзи забонҳои Аврупо эълон карда шуда буд. Ба ин васила мардуми Аврупо аз табиати забони хеш боз ҳам дурусттар огоҳ гардида, дар баробари ин, бо гуногунрангии фарҳанг ва тамаддуни кулли Аврупо ошно мегарданд.
Бино ба маълумоти коршиносони риштаи иҷтимоӣ дар ҳоли ҳозир, дар Аврупо 225 забони халқҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки аз се ду ҳиссаи онҳо дар вазъияти азбайнравианд.Ин вазъият дар ФР низ хушҳолкунанда нест. Дар он ҷо СММ (соли 2009) аз байн рафтани 136 забонро муайян намудааст. Дар радифи ин вобаста ба масъалаи ҷаҳонишавии фарҳангҳо Аврупо паҳн гардидани дигар забонҳоро, ки пеш вақт умуман ин гуна паҳн нагардида буданд, ба мисли арабу туркҳо, ҳиндиву украинҳо, молдавану ӯзбекҳо, тоҷику хитоиҳо, ветнамиҳо ва монанди инҳоро аниқ намудааст. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки забони аз ҳама бештар ҳамчун забони паҳнгардида забони русӣ мебошад. Тааҷҷубовараш ин аст, ки онро 150 миллион аврупоиҳо забони модарии хеш меҳисобанд. Баъд аз ин забони немисӣ наздикӣ 95 миллион, итолиёвӣ – 60 миллион, испанӣ, полякӣ ва украинӣ, қариб 40 миллион аврупоиҳо ин забонҳоро забони модарии худ ҳисобидаанд. Бар асари ин ду омил имрӯз дар Аврупо миёни забонҳои маҳал ва забони муҳоҷирон зиддияти муайяне ҳис карда мешавад. Дар рӯзи ҷашнгирии иди забонҳо диққти асосӣ бояд ба интишори забонҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда вобаста ба забон равона карда шавад. Иди забон бояд воситаи муҳими тарбияи мардум дар рӯҳияи ҳурмату эҳтироми забони ҳамдигар вобаста аз наслу насаб ва миллат бошад. Ҳамдигарро ба омӯхтани забони якдигар ҳидоят намояд ва бо ҳамин роҳ забонҳоро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, ба паҳншваӣ ва рушду нумӯъ ёфтани онҳо мусоидат намояд.
Шояд ин иди забонҳои Аврупо на фақат ба мақсади проблемаҳои забон ҷалб кардани диққати аҳли ҷамоатчигӣ, балки боз бо нияти ба роҳ мондани ҳурмату эҳтиром нсбат ба забонҳои дигар ва бедор намудани ҳаваси мардум нисбат ба зарурати омӯзиши забонҳои мухталиф дар тамоми ҳаёт ва бо ҳамин восита мусоидат кардан на ба тадриҷан нестшавии забонҳо, балки ба нигоҳдорӣ ва паҳннамоии онҳо таъсис ёфта бошад. Дар рӯзҳои иди забонҳои аврупоӣ дар Иттиҳоди Аврупо як қатор чорабиниҳои расмӣ гузаронида мешаванд. Аз рӯйи анъана маркази ид шаҳри Страстбурги Фаронса – такягоҳи адлия ва адолати аврупоӣ мебошад. Одатан дар рӯзи тантана комиссари Аврупо оид ба корҳои бисёрзабона нишасти матбуотӣ меорояд. Баъд аз ин доир ба мушкилоти забон семинарҳои гуногун, мизҳои мудаввар ташкил карда мешаванд. Қайди ғайрирасмии рӯзи забонҳои Аврупо ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба мушкилоти бисёрзабонӣ чорабиниҳои маданӣ, аз қабили консертҳо бо иштироки намояндагони забонҳои нодири Аврупо бахшида мешавад. Мақсади ҷашнгирии ҳар кадом рӯзи забонҳо ҷалб намудани диққат ба омӯзиши забонҳост, ки он барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, маданӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардуми олам мусоидат намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола Рӯзи забони модарӣ дар маркази ҷумҳурӣ ва навоҳию шаҳру вилоятҳо бо тантана таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ташкилоту муассисаҳои гуногун бо ибтикороти худ ташкил кардани вохӯриҳо, тамошои ҷойҳои фарҳангӣ, иштирок дар консертҳо, мулоқотҳои судмандро бо олимони шинохтаи риштаи суханшиносӣ, пахши барномаҳои телевизиониву радиоро ба зиммаи худ мегиранд. Мақсад аз ҳамаи ин чорабиниҳо тавсеа бахшидан ба рушди забони модарист. Дар рӯзи ҷашнгирии иди забон диққати асосӣ бояд ба интишори забонҳо ва ҳалли проблемаҳои мавҷуда равона карда шавад. Иди забон бояд воситаи муҳими тарбияи мардум дар рӯҳияи ҳурмату эҳтироми ҳамдигар новобаста аз аслу насаб ва миллат бошад. Дар ин рӯз соҳибони забон бояд ҳамдигарро ба омӯхтани забони якдигар ҳидоят намоянд ва бо ҳамин роҳ забонҳоро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошта, ба паҳншавӣ ва рушду нумуи онҳо мусоидат намудан мумкин аст.


Ҳотами Ҳомид, рӯзноманигор

Рейтинг контента: 

5
Средняя оценка: 5 (2 голос)
 

Полезные ссылки

Сомонаи Президенти Тоҷикистон
Сомонаи Вазорати Маориф
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият"
Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Посетители

  • Количество посетителей: 14447354
  • Зарегистрированные: 70
  • Последний зарегистрированный: Бекназаров Хамз...
  • Опубликованные страницы: 329
  • Ваш IP-адрес: 18.207.238.169
  • Начиная с: 5 окт 2017 - 05:00
 

Корбарони онлайн

Пользователей онлайн: 0.

 

Подписка

Ба ахбори рӯзи мо обуна шавед
 

Новые пользователи

  • Бекназаров Хамз...
  • Махадшарифзода ...
  • Курбонбеки Занчирбек
  • Шарипов Анвар А...
  • Рустам Мирзоев
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.