Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзуи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 17 Май, 2024 - 15:55

Тибқи нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми майи соли 2024 дар толори Кумита бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонон мизи мудаввар дар мавзуи «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» бо иштироки аъзои мушовараи Кумита ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ карор додааст. Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушду камолот ва ободии ватани азизамон талош намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи «Солимии оила - асоси пойдории давлат ва ҷомеа»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 15 Май, 2024 - 13:02

Рӯзи 15-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила мизи мудаввар дар мавзуи «Солимии оила - асоси пойдории давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабинии илмї бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи байналмилалии оила табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳимме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Ҳаёт бо исрор тақозо менамояд, ки мо бояд барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро дар мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар кишвар санадҳои зиёди меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зуроварӣ дар оила ва ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
4
Баҳои миёна: 3.7 (3 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ғалаба

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Май, 2024 - 09:09

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, собиқадорони меҳнат, тамоми шахсоне, ки дар он давраи вазнин дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори ғалаба бар фашизми гитлерӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як сокини кишвар сулҳу оромӣ ва зиндагии босаодат орзу менамоям.

Як ҳақиқати ба ҳамагон маълум вобаста ба он ҷанги пурфоҷиа ин аст, ки пирӯзӣ бар фашизм маҳз дар натиҷаи муборизаи далерона ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таъмин карда шуд.

Танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд.

Ин шумора дар он давра зиёда аз 50 фоизи аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурии моро ташкил мекард.

Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардида, даҳҳо ҳазори дигар беному нишон шуданд ва аксари онҳое, ки аз ҷанг баргаштанд, маъюб буданд.

Дар шаҳру деҳоти ҷумҳурии мо садҳо ҳазор нафар кӯдакони ҷанговарони дар муҳорибаҳо ҳалокшуда ятим монданд.

Илова ба фиристодагони Тоҷикистон, ки дар майдони ҷанг ба хотири шикаст додани фашистон ва ҳимояи истиқлолу озодии халқҳо далерона меҷангиданд, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд ва бо азоби гуруснагӣ шабу рӯз заҳмат мекашиданд.

Онҳо дар таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми бузург гузоштанд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

Иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79 - солагии Рӯзи Ғалаба

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2024 - 15:55

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ карданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар мавзуи «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси мардонагист»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Май, 2024 - 14:06

Тибқи нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми майи соли 2024 дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба мизи мудаввар дар мавзуи «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанї дарси мардонагист» баргузор гардид.
Чорабинии илмї бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода чорабиниро ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ҳамагонро бо таҷлили Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ҳамзамон, зикр намуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун ҷашни умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки барои зафар ёфтан бар фашизм мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромушнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла, мо тоҷикистониён низ, азиз ва гиромӣ аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Забон - шиносномаи миллат

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 7 Май, 2024 - 15:34

7-уми майи соли 2024 аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода семинар-машварати омўзишӣ оид ба гиромидошти забони давлатӣ таҳти унвони «Забон - шиносномаи миллат» баргузор гардид. Дар семинар-машварати зерин раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Турсунзода, директори муассисаи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Сафарзода Хуршед ва донишҷӯёну устодони муассиса иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳимми соҳавӣ, аз ҷумла, корбурди Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат дар раванди коргузорӣ, шаклҳои истилоҳсозӣ, меъёрҳои номсозии тоҷикӣ ва номгузории фарзандон дар асоси фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси Кумита О. Муҳаммадҷонзода дар рафти суханронї зикр намуд, ки эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Забони давлатӣ ва эҳтиром гузоштан ба он аз ҷумлаи арзишҳои маънавии миллии мо маҳсуб шуда, гиромидошти забони давлатӣ ҳамчун як рукни арзишманд дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 9 Апрел, 2024 - 07:33

Ҳамватанони азиз!

Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.

Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.

Дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Тибқи аҳкоми шариат ҳар бандаи муъмин ва эътиқодманд маҳз барои он хайру садақот мекунад ё амали некеро анҷом медиҳад, ки дар номаи аъмолаш навишта мешавад ва баъд аз марг, яъне дар охират боиси саодат ва растагории ӯ мегардад.

Агар чунин аст, пас беҳтар нест, ки ҳар як бандаи муъмин кӯшиш намояд, ки гуноҳ накунад ва дили касеро наранҷонад?

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ТАҶАССУМГАРИ СИМО ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 3 Апрел, 2024 - 17:40

Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ ва назокату нафисии худро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн нахоҳад рафт.
Таърих гувоҳ аст, ки занон – модарони шарафманди тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буда, дар ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ мавқеи назаррас доранд.
Дар ин фасли зебои сол – баҳор дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии тоҷикон иқдоми маърака (аксия)-и “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.
Занону бонувони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар баробари занону бонувони дигар вазорату идораҳо рӯзи 4-уми апрели соли 2024 дар маърака (аксия)-и “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона иштирок намуданд.
Зеро ҳифз ва эҳтиром гузоштан ба либоси миллии тоҷикона, ки як ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад, барои ҳар як зан – бонуи тоҷик шарт ва зарур аст.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 20 Март, 2024 - 17:35

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва рӯҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад.

Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз куҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад.

Мо ифтихор мекунем, ки ҷашни Наврӯз маҳсули тафаккур ва андешаи мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Тайи ҳазорсолаҳо дар ҳаёти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла мо – тоҷикон ҳодисаву таҳаввулоти зиёде ба вуқуъ пайвастаанд, ки боиси эҷоди маҳдудиятҳо барои баргузории ойину суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мо, ба шумули Наврӯз гардидаанд.

Вале Наврӯз мисли забон ва фарҳанги миллӣ дар тору пуди ҳастии ниёгони мо он қадар мустаҳкам ҷой гирифта буд ва мақому ҷойгоҳи он дар миёни мардуми мо чунон баланд буд, ки ҳеҷ як монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

Pages

Subscribe to Навори навсозии саҳифаи асосӣ