ФАРҲАНГИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 2026

Вожаеро ворид намоед

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Январ, 2026 - 15:41

«Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, таҳия гардид. Мутобиқи банди 2-и ин қарор «2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар ҷиҳати амалисозии қарори мазкур чораҳои дахлдор андешида, фарҳанги имло, дастурҳои методӣ, таълимӣ, асарҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо риояи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ ба нашр расонанд».
Агар ба таърихи таҳияи фарҳанги имло назар кунем, маълум мешавад, ки феҳристи беш аз 2 ҳазор калима бори нахуст соли 1941 чун замима ба «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» ва, баъдан, соли 1944 луғати имло муштамил бар 8 ҳaзop вожа якҷо бо «Қоидаҳои асосии имло» ва соли 1959 мутобиқ ба Қоидахои имлои соли 1953 «Луғати орфографӣ» нашр гардид, ки он дорои 16 ҳазор вожа буд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

«Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 28 Январ, 2026 - 15:35

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷамъоварии калимаю истилоҳоти шеваҳои забони тоҷикӣ аҳаммияти калон дода мешавад. Ин иқдоми Пешвои миллат мутахассисонро водор менамояд, ки ба ҷамъоварии маводи гуногуни лаҳҷаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҳамчунин, дар бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» низ масъалаи мазкур зикр шудааст.

Бо мақсади иҷрои ҳадафи мазкур С. Раҳматуллозода ва Р. Холназариён китоби «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» таҳия кардаанд, ки олимону мутахассисони соҳа ва шаҳрвандон метавонанд аз он самаранок истифода баранд.

Фарҳанги мазкур беш аз 2300 калимаи ҳамгуни шеваи ҷанубиро дар бар мегирад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 16 Январ, 2026 - 09:09

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 143, 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаҳои 12 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2026:
— ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25 дарсад зиёд карда шавад;
— маоши вазифавии кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20 дарсад зиёд карда шавад;
— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 дарсад зиёд карда шуда, 893 сомонӣ муқаррар карда шавад;

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

Шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 14 Январ, 2026 - 19:01

Дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои конуният, тартиботи ҳукуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон машғияти омӯзишӣ оид ба «Мафҳум, аҳамият ва фаркияти забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ, хусусиятҳои Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳангоми тартиб додани санадҳои расмӣ» баргузор гардид.
Зимни он директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Дӯстзода иброз дошт, ки ҳадафи гузаронидани чунин семинарҳо баланд бардоштани сатҳи саводнокии забонӣ, тақвияти эҳтиром ба забони давлатӣ ва татбиқи дурусти меъёрҳои он дар ҳуҷҷатнигорӣ ва навиштаҷотҳои расмӣ мебошад.
Баргузории чунин семинарҳо ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи давлатӣ ва рушди забони давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

БОЗДИД АЗ ХОНАВОДАИ ОДИНАЗОДА ОҚИЛҶОН ВА ШИНОСОӢ АЗ ШАРОИТИ ЗИСТАШОН

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 15:55

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз хонаводаи марҳум Одиназода Оқилҷон сарбозе, ки дар яке аз задухурди мусаллаҳона ба хотири муҳофизат аз Ватан ҷароҳат бардошта, аз олам даргузашт боздид намуда, ба ин хонавода маводи хӯрока, аз қабили орду равған ва дигар маҳсулоти хӯрока расонида шуд.
Зимни суҳбат бо хонаводаи марҳум, иброз гардид, ки ҷонсупурдагони ватан ва оилаи онҳо ҳаргиз аз хотир нарафта, зери таваҷҷуҳи доимии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар партави сиёсати инсондустона ва ватандустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми иду ҷашнҳо аз аҳволи хонаводаи мазкур хабардор гардида, пайваста кӯмакҳои худро мерасонад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 14:53

Имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд.
Зимни он Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Сахидод Раҳматуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсиро дар бар мегирад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ОИД БА РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 13 Январ, 2026 - 07:49

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Маҷлиси фаъолони ноҳияи Тоҷикобод оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода, муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос Раиси ноҳияи Тоҷикобод, роҳбарон ва сохторҳои мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия, раисон ва масъулини дастгоҳҳои ҷамоатҳо, рохбарони ташкилоту корхонаҳо, роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони деҳаҳо, имом-хатибони масҷидҳо, фаъолон, собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Вобаста ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2025 муовини якуми раиси ноҳия Ҳасани Давлатхуҷа ҳисобот дод.
Дар рафти маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ноҳия дар соли 2025 баррасӣ гардида, фаъолияти як қатор соҳаҳо бо ҳисоботи роҳбарони ташкилоту идораҳо натиҷагирӣ ва ҷиҳати дар соли 2026 ноил гардидан ба дастовардҳои дилхоҳ вазифадор гардиданд.
Ҳамзамон Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода барои ноил гардидан ба як қатор дастовардҳо ба роҳбарияти ноҳия ва масъулин изҳори сипос намуда, натиҷаҳои фаъолияти ноҳияро дар соли 2025 қаноатбахш арзёби кард.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 11 Январ, 2026 - 08:58

Санаҳои 9-10 январи соли ҷорӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сахидод Раҳматуллозода ва раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос аз рафти корҳои ободони созандагии иншоотҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд.
Ба моқсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни Истиқлол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони ватандуст дар деҳаи Лангари Шоҳи Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ ва деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об толорҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон сохта, дар марҳилаи рангу бор ва зебогардонӣ қарор доранд.
Ҳамчунин дар паҳлуи Толори варзишӣ дар деҳаи Фатҳобод боз як майдончаи вазишӣ дар ҷараёни анҷомёбӣ қарор дорад.
Зимни боздид ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва бо риояи меъёрҳои миллии меъморӣ анҷом додани сохтмонҳои мазкур таъкид гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Фақерзода Қадриддин Аббос барои сохтмони муассисаи томактабӣ дар деҳаи Фатҳобод қитъаи заминро муайян намуда, барои то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта ва ба истифода додани он ба фаъолону масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавсия дода шуд, ки ҷиҳати равшаннамоӣ ва гармидиҳӣ зимни сохтмон ва бунёди иншоотҳо аз панелҳои офтобӣ низ истифода намоянд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳот

Ҳайати тадорукот's picture
Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: 8 Январ, 2026 - 15:54

     Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
     Дар он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Фаридун, Раиси Кумита Раҳматуллозода Сахидод, муовини раиси Кумитаи  забон ва истилоҳот Баротзода Файзиддин, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Дӯстзода, аъзои Ҳайати мушовараи Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва кормандони Кумита иштирок намуданд.
     Дар ҷаласаи мазкур натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2025 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда ҷамъбаст гардида, нақшаи корӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.
     Аз ҷониби аъзои ҳайати мушовара фаъолияти Кумита дар соли 2025 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
5
Баҳои миёна: 4.3 (6 овоз)

Pages

Subscribe to Навори навсозии саҳифаи асосӣ